Матни ҷустуҷӯиро ворид созед
Tj
Ru
Профайли ман

Арзишҳои асосӣ

Маълумот: ҶДММ «Таком» - оператори алоқаест, ки барои расондани хизмати алоқаи кандуӣ бо стандартҳои GSM 900/1800, UMTS, хизматрасониҳои телематикӣ, хизматҳо оид ба интиқол, ҳамчунин хизматрасонии ало қаи байнишаҳрӣ ва байналхалқӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозатномаҳо дорад.

ҶДММ «Таком» ба гурўҳи ширкатҳои «Вымпел Ком Лтд" дохил мешавад, ки дар ҷаҳон яке аз калонтарин гурўҳҳои операторони ҳамгирои  пешкашкунандаи хизматҳои овоз
ӣ ва телематикии алоқа, дастрасии васеъхата ба Интернет дар асоси тарзи бесим ва сабтшуда мебошад ва ба ҳайати он ширкатҳои алоқае шомиланд,  ки дар қаламрави Русия, Украина, Қазоқистон, Ўзбекистон, Тоҷикистон, Арманистон, Гурҷистон, Қирғизистон, Ветнам, Камбоҷа, Лаос, Алҷазоир, Бангладеш, Покистон, Бурунди, Зимбабве, Намибия, Ҷумҳурии Африқои Марказӣ, Итолиё ва  Канада фаъолият доранд. «Вымпел Ком» амалиёти худро дар тамоми гўшаҳои дунё, дар қаламраве, ки аҳолиаш наздик ба 754 миллион нафар аст, ба амал мебарорад. Ширкатҳои гурўҳи «Вымпел Ком Лтд.» хизматрасониҳои худро таҳти тамғаҳои «Билайн», «Киевстар», “Wind”, "Infostrada" “Mobilink”, “Leo”, “Banglalink”, “Telecel” ва “Djezzy” ба амал мебароранд. Дар ҳолати 30 июни соли 2014 миқдори умумии муштариёни Ширкат 221 миллион нафарро ташкил дод. Саҳмияҳои «Вымпел Ком» дар биржаи хазинавии (NASDAQ) таҳти рамзи VIP қурби баланд пайдо кардаанд. Барои маълумоти муфассалтар муроҷиат намоед: www.vimpelcom.com