Матни ҷустуҷӯиро ворид созед
Tj
Ru
Профайли ман

 

Ҷоизаи мусиқавии Боб

  

                         

 

 

 

       Яке аз вазифаҳои лоиҳа, ҳавасмандкунии навозандагони ҷавон ва ҳунармандон ба инноватсияи бадеӣ, эҷодкорӣ ва, ҳамзамон, ҷалби таваҷҷӯҳ ба фарҳанги Тоҷикистон дар саросари ҷаҳон мебошад. Ҳар шаҳрванди Тоҷикистон аз синни 16 то 25-сола метавонад мусиқии худро ба гурӯҳи кории лоиҳа, ки дар Душанбе мебошад, равон кунад. Пешниҳоди дархост ба озмуни “Ҷоизаи мусиқии Боб” аз 1-уми декабри соли 2016 оғоз мегардад ва то 28-уми феврали 2017 давом меёбад Пас аз интихоб, навозандагон ва гурӯҳҳо аз тамоми Тоҷикистон ба Душанбе барои иштирок дар нимфинал ва финали озмуни мусиқи даъват карда мешаванд. Дар давраи ниҳоии консерт, навозандагон дар назди шунавандагони зиёд ва аъзои ҳакамон баромад мекунанд, ки аз байни онҳо навозандагони беҳтарин интихоб карда мешавад. Ғолибон бо тӯҳфаҳои қадрнок мукофотонида мешаванд. Барандаи ҷоизаи 1-ум барои пешбарӣ намудани эҷодкории худ имконияти бо продюсер кор карданро ба даст меорад. 

Шумо метавонед ҳар гуна мусиқие, ки ба фикри шумо шавқовар аст ирсол намоед. Муҳим он аст, ки худи шумо мусиқиро иҷро карда бошед, ва матни суруд аслӣ, яъне навиштаи шумо бошад.

Маълумоти муфассал дар: http://www.bobsmusicaward.tj