Матни ҷустуҷӯиро ворид созед
Tj
Ru
Профайли ман

Экскурсоводи Мобилӣ

 

Ташкилкунандагон

Дӯстони Азиз!

Лоиҳаи масштабии маърифатпарвари-маданӣ «Роҳбари Экскурсияи Мобилӣ» барои сокинон ва меҳмонони пойтахт ҷойҳои тамошобоби Душанберо осонтар ва наздиктар гардонидааст. Барои ҷойгир намудани фазои иттилоотӣ дар ҷйоҳои бештар назарраси таърихӣ-маданӣ, табиӣ ва объектҳои саноатии шаҳр навтарин системаҳои QR кодҳо муқаррар карда мешавад.
 
Дар аввали саршавии лоиҳа, ҷадвалҳо бо QR кодҳо дар 12 иншоотҳои бештар назарраси шаҳр муқаррар карда мешавад. QR кодҳо имконият медиҳанд ки бо ёрии смартфонҳо маълумоти умумӣ дар бораи иншооти ҳавасманди шумо диҳад. Дар оянда лоиҳа дар дигар шаҳрҳои Тоҷикистон низ муқаррар мегардад. 

 

  
 

Боғи ботаникии Академияи илмҳои Тоҷикистон

 Боғи ботаникии Академияи илмҳои Тоҷикистон (номи наваш Боғи «Ирам») — дар қисми шимолии шаҳри Душанбе воқеъ гардидааст.  Боғи ботаникӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ҷойгир шуда, бо қисми ғарбиаш ба соҳили дарёи Душанбе мерасад. Масоҳати боғ ба 40 га баробар аст. Даромадгоҳи марказии боғ аз тарафи шарқ ташкил дода шудааст. Роҳрави асосии он ба парваришгоҳи шишагии гулҳо рафта мерасад, ки аз он роҳравҳо ва пайроҳачаҳои боғи ботаникӣ оғоз мегарданд. Парваришгоҳи шишагини конусшакл дар охири роҳрави марказии боғ ҷойгир аст. Дар қисмати шимолии Боғи ботаникӣ ҳудуди Институти ботаникаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маскан гирифтааст.

Бисёртар бихон

Осорхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маросими кушодашавии бинои нави Осорхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи марти соли 2013 баргузор шуд. Соли 1934 дар осорхона ҳамагӣ 530 экспонат вуҷуд дошт. Дар экспозитсияи нави Осорхонаи миллии Тоҷикистон ашёи мероси моддӣ, олами наботот ва ҳайвонот аз тамоми осорхонаҳои кишварамон ҷамъоварӣ карда шудааст.

Бисёртар бихон

Осорхонаи миллии бостоншиносии Тоҷикистон

Осорхона соли 2001 кушода шудааст. Коллексияи осорхона аз маводи бостоншиносӣ таҳия ёфтааст, ки аз ҷониби тадқиқгарони Тоҷикистон ва ҳамкорони онҳо аз марказҳои осорхонавии Федератсияи Русия, инчунин аз тарафи олимони хориҷӣ дар муддати қариб якасраи таърихи омӯзиши бостоншиносии Тоҷикистон ҷамъоварӣ гардидааст.

Бисёртар бихон

Осорхонаи асбобҳои мусиқӣ ба номи Гурминҷ Завқибеков

Осорхонаи асбобҳои мусиқӣ соли1990 дар асоси коллексияи хусусии артисти халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гурминҷ Завқибеков таъсис дода шудааст. Актёри бомаҳорат ва шахси ҳаматарафа боистеъдод, Гурминҷ Завқибеков, ҷамъоварии коллексияи худро аз ҷавонӣ оғоз намуда, дертар он ба маҷмӯи пурбаҳои асбобҳои мусиқии Осиё табдил ёфт.

Бисёртар бихон

Осорхонаи ёдгории адабӣ ба номи Мирзо Турсунзода

Осорхонаи ёдгории адабии шаҳри Душанбе соли 1981 ба муносибати 70-солагии шоири маъруф ва ходими ҷамъиятии Тоҷикистон – Мирзо Турсунзода, бо ташаббуси оилааш ва бо дастгирии ҳукумати кишвар таъсис дода шудааст.

Бисёртар бихон

Театри Академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ соли 1935 таъсис дода шуда, аввал Театри мусиқии Тоҷикикистон ном дошт. Сохтмони бинои театр солҳои 1930 оғоз ёфта,дар кӯчаи асосии пойтахт – хиёбони ба номи Рӯдакӣ, назди майдони 800-солагии Москва барпо шуд. Бинои театр бо услуби классикӣ бо унсурҳои нақшу нигори миллӣ иҷро шудааст, ки то ба имрӯз дар шаклу намуди хеле зебо омада расидааст.

Бисёртар бихон

Боғи Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боғи Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисмати марказии шаҳри Душанбе, дар тарафи чапи Қасри миллат воқеъ гардидааст. Ба нақшаи боғ кӯли сунъӣ бо фаввораи боҳашамат, роҳравҳои васеи росткунҷашакл бо силсилаи фаввораҳо, тарҳҳои хурди меъморӣ, ҳайкалҳои тасврикунандаи қаҳрамонони таърихӣ ва бинои Осорхонаи миллии Тоҷикистон дохил мешаванд.

Бисёртар бихон

Театри лӯхтакҳои шаҳри Душанбе

Нахустин басаҳнагузории театр намоишномаи «Саргузашти Нанук» аз рӯйи асари Шамсӣ Қиёмов мебошад, ҳамагӣ дар саҳнаи театр зиёда аз шаст намоишномае басаҳнагузорӣ шудааст, ки онро ҳазорон тамошобинони ҳам ҳудуди Тоҷикистон ва ҳам берун аз он тамошо кардаанд.

Бисёртар бихон

Бисёртар бихон

Чойхонаи «Роҳат»

Чойхонаи «Роҳат» дар хиёбони Рӯдакӣ – кӯчаи асосии шаҳри Душанбе воқеъ гардидааст. Чойхона соли 1958 сохта шуда, дар худ роҳати шарқӣ ва масоҳати даврони шӯравиро муттаҳид кардааст. Дар ду қабати чойхона толорҳо ва айвонҳои тобистона ҷойгир шудаанд, ки ба миқдори умумӣ то 1 000 меҳмонро гунҷонида метавонанд.

Бисёртар бихон

Маҷмааи «Кохи Наврӯз»

Сараввал Маҷмааи «Кохи Наврӯз» (Қасри Наврӯз) ҳамчун чойхона ба нақша гирифта шуда буд, аммо дар рафти сохтмон ба қасри ҳақиқӣ табдил ёфт. Дар «Кохи Наврӯз» 15 толори ғайриоддӣ мавҷуд аст, ки ҳар кадоми онҳо бо услуби махсус ва нотакрор ороиш дода шудааст.

Бисёртар бихон

Маркази тиҷоратии «Пойтахт - 90»

25 сентябри соли 2015 Маркази нави тиҷоратии Пойтахт-90 дарҳои худро боз намуд. Маҷмааи мазкури нодир, ки дар худ масоҳатҳои тиҷоратӣ, дилхушӣ ва намоишгоҳиро муттаҳид месозад ва дар он бозори маҳсулоти хоҷагии деҳот ва соҳаи хизматрасонӣ дар маҷмӯи ягона ба намоиш гузошта шудааст, дар ҳудуди 3,5 Га бо ҳалли ягонаи меъморӣ сохта шудааст.

Бисёртар бихон